Ссылки доступа

Баҳси молии ширкати МТС-и Русия бо Туркманистон


Муҳлати парвонаи кори ширкати алоқаи мобилии МТС-и Русия дар Туркманистон рӯ ба поён аст ва агар дар гуфтушуниди он ва мақомоти Туркманистон созиш ҳосил нашавад, МТС маҷбур хоҳад буд, ки бозори ин кишварро тарк кунад.

Гуфтушуниди тарафҳо аз нимаҳои моҳи май ба ин сӯ идома дорад, аммо то ҳоло ҳеч гуна пешрафт ҳосил нагаштааст. Яке аз мавзӯъҳои калидӣ ин аст, ки ҳукумати Туркманистон мехоҳад, аз ширкат андози бештар ситонад. Танҳо дар он сурат миёни тарафҳо созишномаи нав ба имзо хоҳад расид.

МТС дар гузашта низ бо ин мушкил рӯбарӯ гашта, барои як муддат аз парвонаи фаъолият дар Туркманистон маҳрум шуда буд. Дар соли 2011 зиёни ширкат аз қатъи кор дар Туркманистон 600 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. МТС изҳор дошт, ки барои рӯёндани ҷуброн ба ниҳодҳои байнулмилалӣ шикоят хоҳад бурд, аммо Туркманистон гуфт, ҳеч гуна ҳукми берунаро дар ин робита иҷро нахоҳад кард.

Кори МТС дар ин кишвар моҳи октябри соли 2012 аз сар гирифта шуд, аммо ба шарти пардохти 30 дарсади даромади холиси он ба давлати Туркманистон. Ин қарордод барои 5 сол буд ва 1 июл ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG