Ссылки доступа

Озода Раҳмон унвони мушовири давлатии адлияро соҳиб шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон, ки ҳоло раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст, унвони мушовири давлатии адлия додааст.

Қарор дар ин заминаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми майи ба имзо расондааст.

Озода Раҳмон, ки соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд, расо 5 сол пеш аз гирифтани ин унвон, 25-уми майи соли 2012 диссертатсияи номзадиаш дар мавзӯи “Инкишофи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои зан дар Тоҷикистон”-ро ҳимоят кард ва унвони номзади илми ҳуқуқшиносиро гирифт.

Духтари 38-солаи раиси ҷумҳур, ки ба ғайр аз рутбаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад. Вай дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва баъдан дар Вазорати умури хориҷӣ ба ҳайси муовини вазир кор кардааст. Шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG