Ссылки доступа

Дар Ӯш консерти дӯстии қирғизҳову ӯзбекҳо барпо шуд


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бо иштироки сарояндаҳои Ӯзбекистону Қирғизистон консерти дӯстӣ баргузор шуд.

Соҳибкори маҳаллӣ Дилмурод Ишанов бо кӯмаки шаҳрдорӣ ва маҷлиси маҳаллии Ӯш ин консертро ташкил кард.

Бо ташаббуси Ишанов ҳайати театри мусиқии "Муқимӣ"-и шаҳри Тошканд 7 июн барои як ҳафта ба шаҳри Ӯш омад. Театри "Муқимӣ" дар Ӯш намоишномаи "Арӯси хандон"-ро ба намоиш мегузорад.

Муносибатҳои Қирғизистону Ӯзбекистон, ки дар солҳои охир сард буд, сар аз тирамоҳи соли 2016 рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

XS
SM
MD
LG