Ссылки доступа

Шикояти омӯзгорони коллеҷи тиббии Тошканд аз фишори роҳбарият


Жасур Ибрагимов.

Омӯзгорони коллеҷи тиббии шаҳри Тошканд, ки як донишҷӯи он дар пайи латту кӯби ҳамдарсонаш кушта шуд, аз фишори роҳбарияти коллеҷ шикоят доранд. Омӯзгорон мегӯянд, роҳбарият талаб дорад, ки онҳо бидуни рӯзҳои истироҳат ва рухсатии меҳнатӣ фаъолият кунанд.

11 июн сарфи назар аз рӯзи истироҳат будан, омӯзгорони коллеҷи тиббӣ ба коргоҳ ҳозир шуданд. Дар ин бора дар мактуби омӯзгорон, ки ба расонаҳо ирсол шудааст, зикр мегардад.

Яке аз омӯзгорон мегӯяд, ба ин тартиб мехоҳанд, омӯзгоронро барои марги донишҷӯ - Ҷасур Иброҳимов ҷазо диҳанд, ки ибтидои моҳи ҷорӣ баъди латту кӯби ҳамдарсонаш дар бемористон фавтид.

"Мудирро аз вазифа гирифтанд, мудири нав ҳанӯз таъйин нашудааст. То ҳол дар коллеҷ тафтиш идома дорад. Дар ҳамаи ҷаласаву ҷамъомадҳо моро дар марги донишҷӯ айбдор мекунанд. Мегӯянд, маҳз бетаваҷҷуҳии мо боиси марги вай шудааст", - гуфт яке аз омӯзгорон.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти коллеҷ мегӯяд, ба омӯзгорон ҳатман истироҳат ва рухсатии меҳнатӣ дода хоҳад шуд. "Ба ҷуз ин, касе ба онҳо фишор наовардааст ва ба чизе айбдор накардааст. Додситонӣ тафтиш мекунад ва додгоҳ ҳукм мебарорад", - посух доданд аз роҳбарияти коллеҷ.

Пештар аз ин чанд нафар боздошт шуд. 4 июн садҳо сокини Тошканд ба кӯча баромада, ҷазои омилони марги донишҷӯро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG