Ссылки доступа

Додситони кулли ИМА: ман дар бораи тавтиаи Русия чизе намедонам


Додситони кулли ИМА дар кумитаи иктишофии Сенат ба суолҳои вакилон посух дод. Ҷефф Сешнс, додситони кул гуфт, вай дар бораи гуфтугӯҳои ситоди интихоботии президент Трамп ва афроди расмии Русия чизе намедонад. Вай афзуд, дар рафти ду мулоқоти вай бо сафири Русия чизи муҳиме рух надодааст.

Дар ҳамин ҳол Сешнс ҷузъиёти гуфтугӯҳояшро бо президенти ИМА Доналд Трамп шарҳ надод. Вай баъдан гуфт, бо Трамп мавқеи Ҷеймс Комӣ, мудири пешини Бюрои федеролии тафтишотиро (БФТ) баррасӣ карда, ба натиҷа расидаанд, ки БФТ бояд таҷдид шавад.

Сешнс, ки ҳоло вазири адлияи ИМА - яке аз мансабдорони баландпояи ҳукумати ИМА аст, робитаҳои эҳтимолиаш бо Русия дар рафти маъракаи интихоботӣ аз сӯи комиссияи махсуси Сенати ИМА омӯхта мешавад. Ҳамзамон БФТ дар робита ба додугирифти мансабдорони амрикоӣ бо чеҳраҳои расмии Русия таҳқиқоти ҷиноятӣ мебарад.

Ҳафтаи гузашта дар кумитаи иктишофии Сенати ИМА мудири пешини Бюрои федеролии таҳқиқотӣ Ҷеймс Комӣ суханронӣ кард. Бино бар шаҳодати Комӣ, вай шак надорад, ки Русия ва ҳукумати ин кишвар қасди дахолат дар ҷараёни интихоботи США-ро доштанд ва талош карданд, онро анҷом диҳанд. Аммо вай далеле надорад, ки дар воқеъ ин кор сурат гирифтааст. Нахустин ҳамлаи киберӣ, ба гуфтаи Комӣ, тобистони соли 2015 анҷом шуд ва дар маҷмуъ шумори чунин ҳамлаҳо ба чандсад адад мерасад.

Комӣ ҳамчунин аз гуфтугӯҳояш бо Трамп дар бораи қатъи таҳқиқот нисбати ёвари президент дар умури амнияти миллӣ Майк Флинн пурсида шуд. Ба гуфтаи Комӣ, мулоқот 14 феврал доир гардид ва Трамп аз ҳозирон хост, ки ӯро бо Комӣ танҳо гузоранд. Дар суҳбати як ба як президент дар бораи фошшавии иттилои махфӣ суҳбат карда, ба мавзуи Флинн гузаштааст. Ба гуфтаи Комӣ, Трамп ду бор аз Флинн ҳамчун "бачаи хуб" ном бурда ва изҳори умдеворӣ кардааст, ки таҳқиқот нисбати вай қатъ мешавад.

XS
SM
MD
LG