Ссылки доступа

Даҳ нафар аз шикастани алвонҷаки боғи Душанбе захмӣ шуданд


Шикастани яке аз алвонҷакҳои тафреҳии Боғи Нишони Давлатӣ (паҳлуи Кохи Миллат) дар шаҳри Душанбе, беш аз даҳ нафарро захмӣ кардааст. Бархе аз маҷрӯҳон, ки дасту пояшон шикастааст, ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Як масъули Бемористони Қаряи Болои Душанбе субҳи 14-уми июн гуфт, ки шаби гузашта 10 нафарро бо дасту пои шикаста ба ин беморхона оварданд, ки ҳоло зери назари пизишконанд. Чанде аз онҳо, ба гуфтаи ин манбаъ, аз ноҳияи сар ҷароҳат бардоштаанд.

Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст. Як корманди маҷмуаи дастгоҳҳои тафреҳии Боғи Нишони Давлатӣ мегӯяд, шаби гузашта пас аз бозии футболи миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Филиппин, ки дар Варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд, ҷавонони зиёд ба инҷо омада ва ба ин "алвонҷак" савор шудаанд.” Ба гуфтаи вай, бар асари вазни зиёд, пояҳои қисмати поёнии дастгоҳ, ки чанде пеш аз Чин оварда шудааст, шикастаанд.

XS
SM
MD
LG