Ссылки доступа

Дар сӯхтори манзили 27-ошёнаи Лондон даҳҳо нафар осеб дидаанд


Сабабҳои сӯхтор ҳанӯз муайян нашудаанд. Хатари ин вуҷуд дорад, ки бино фурӯ афтад.

Дар ғарби Лондон биное, ки 27 табақа дорад, ба коми оташ меравад. Бино бар хабари Хадамоти сӯхторнишонии шаҳр, оташ ҳамаи табақаҳоро аз 2 то 27 фаро гирифтааст. То ҳоло аз осеб дидани 30 нафар хабар расид. Дар ин бора хабаргузории Reuters ба нақл аз хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ хабар додааст.

То ҳоло маълум нест, чанд нафар дар дохили бино мондаанд ва чанде аз онҳо наҷот ёфтанд. Бархе аз расонаҳо ва шоҳидон хабар медиҳанд, ки дар бино одамон ҳастанд ва дархости кӯмак мекунанд.

Наздики 40 мошини сӯхторнишонӣ ва 200 корманди ин хадамот ба пояи ин бино омадаанд, мегӯяд Би-би-сӣ. Ноҳияи сӯхтор минтақаи вазъи фавқулода эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG