Ссылки доступа

Дар Намангони Ӯзбекистон табибонро ба кишоварзӣ ҷалб мекунанд


Табибон ва ҳамшираҳои шафқатро дар вилояти Намангони Ӯзбекистон ба кишоварзӣ ва корҳои ободонӣ ҷалб мекунанд. Табибон дар суҳбат бо расонаҳо шикоят карданд, ки ба кори иҷборӣ ҷалб шудан, нисбат ба давраи президентии Каримов ба маротиб бештар гардидааст.

Кормандони соҳаи тиб гуфтанд, давоми як моҳ дар пахтазор бидуни маош кор кардаанд. "Рӯзи якшанбе, сарфи назар аз он ки истироҳат аст, моро ба кӯчарубӣ фиристоданд. Мо роҳҳои калонро пок мекунем. Ҳатто баъди навбатдории шабона моро ба пахтазор ё кӯчарӯбӣ мефиристанд. Мо таҷрибаи 15-20-солаи корӣ дорем! Моро маҷбур мекунанд, зери аризаҳое имзо гузорем, ки масъулияти кори аз соати 6 то 8-ти шабро ба зима мегирем. Мо бояд одамонро табобат кунем, на кори пахтазор ё кӯчарӯбиро анҷом диҳем", - омадааст дар мактуби дастаҷаъмонаи табибони вилояти Намангон.

Яке аз ҳамшираҳои шафқат гуфт, сардухтур таҳдид кардааст, ки ҳар кӣ аз кори саҳро ё кӯчарӯбӣ саркашӣ мекунад, аз кор ронда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сардухтури ноҳияи Турақурғони вилояти Намангон Иқболҷон Каримҷонов ба кори иҷборӣ водор кардани табибонро эътироф мекунад.

"Ман онҳоро ба тоза кардани ҳудуди беморхона сафарбар кардам. Аз мо як-ду бор хоҳиш карданд, ки дар кори саҳро кӯмак кунем, аммо ман онҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ба муҳлати тӯлонӣ нафиристодаам", - гуфт Каримҷонов.

XS
SM
MD
LG