Ссылки доступа

Пешбарии номзадҳои интихоботи президентии Қирғизистон оғоз ёфт


Пешбарии номзадҳо ба интихоботи президентии 15 октябри Қирғизистон оғоз шуд. Дар ин бора муовини раиси Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон Абдижапар Бегматов иттилоъ медиҳад.

"Як рӯз баъди эълони рӯзи интихобот аз сӯи порлумон раванди пешбарии номзадҳо шуруъ мешавад. Онҳое, ки мехоҳанд номзад шаванд, бояд на камтар аз 30 ҳазор имзои интихобкунандагонро барои пешбариашон ҷамъ оранд ва кафолати интихоботиро пардохт ва қарори анҷумани ҳизбро дар бораи номзадиашон ба Комиссияи интихоботӣ таслим кунанд", - мегӯяд Бегматов.

Ба гуфатаи вай, Комиссияи интихоботӣ дар навбати худ, чорабиниҳои марбут ба интихоботро таҳия ва масрафи ин чорабиниҳоро дақиқ мекунад. Номзадҳои худпешбар бар ивази қарори анҷуман аризаи махсус пешниҳод мекунанд. Сабти номи номзадҳо 75 рӯз пеш аз рӯзи интихобот қатъ мегардад.

Порлумони Қирғизистон дирӯз 15 октябрро ҳамчун рӯзи интихоботи президентӣ таъйин кард. Қарор аз рӯзи қабулаш ҳукми иҷро мегирад.

XS
SM
MD
LG