Ссылки доступа

Ҳалқаи боздоштшудаҳои парвандаи пурсарусадои фасодкорӣ дар Тоҷикистон васеътар мешавад


Мақомоти интизомии Тоҷикистон Хуршед Ҷабборзода, як мақоми баландпояи Додситонии куллро боздошт кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ ду ҳафтаи пеш аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудааст.

Хуршед Ҷабборзода то замони боздошт муовини сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кул будааст.

Ҷабборзода ду соли пеш аз Оҷонсии зиддифасод барои кор ба Додситонии кул омада буд. Ӯ бар асоси шоҳидии кормандони собиқи ин Оҷонсӣ, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, дастгир шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, то замони боздошт, ӯ борҳо ба бозпурсӣ даъват шуда буд. Дар ҳоли ҳозир ӯ барои сохтакории аснод муттаҳам мешавад.

Боздошти ин корманди Додситонии кул дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси иттилои манобеи ғайрирасмӣ ҳафт корманди собиқи Оҷонси мубориза бо фасод дар боздошт қарор доранд.

Ҷузъиёте аз парвандаи ин афрод то ҳол дастрас нашудааст. Танҳо рӯзи 24-уми май раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ба дархости расонаҳо посухи хаттӣ дод ва гуфт, ки як гурӯҳи махсуси тафтишотӣ парвандаи кормандони боздоштшудаи ин ниҳодро таҳқиқ дорад.

XS
SM
MD
LG