Ссылки доступа

Талаби насби ҳисобкунакҳо аз сокинони Туркманистон баъди қатъи имтиёзҳо


Мақомоти маҳаллии ҳокимият дар саросари Туркманистон баъди қатъи имтиёзҳои иҷтимоӣ манзил ба манзил гашта, аз сокинон пардохти истифодаи об, барқ, газ ва хизматрасониҳои дигари комуналиро талаб доранд ва ҳамзамон сокинонро ба насби ҳисобкунакҳо ё "счетчикҳо" маҷбур месозанд.

Бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар пойтахти ин кишвар шаҳри Ишқобод дар даромадгоҳи манзилҳо дар бораи насби ҳисобкунакҳо эълон овезон кардаанд. Дар эълонҳо навишта шудааст, ки "счетчикҳо" бояд аз ҳисоби мардум харида шавад.

Пештар аз ин расонаҳо навишта буданд, ки дар бархе аз ноҳияҳо аз кормандони буҷавӣ дар коргоҳ маълумотномаи насби ҳисобкунакҳои обро талаб мекунанд.

Баъд аз изҳороти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҳафтаи гузашта дар бораи қатъи имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз сокинон талаб шуд, ки ҳаққи истифодаи хизматрасониҳои комуналиро барои шаш моҳи соли ҷорӣ, дар бархе ҳолат барои солҳои 2016 ва 2015 пардохт кунанд.

Имтиёзҳои иҷтимоӣ дар Туркманистон, ки об, газ ва барқи ройгонро дар бар мегирифт, соли 1993 барои 10 соли оянда ҷорӣ гардида буд. Баъдан қонунан ин имтиёзҳо то соли 2030 тамдид шуданд. Аммо ба маҳзи сари қудрат омадани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мавриди имтиёзҳо маҳдудият ҷорӣ гардид.

XS
SM
MD
LG