Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як муттаҳам дар таблиғи терроризм 5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алмато сокини 34-солаи шаҳр Капшагай Жанна Умироваро бо айби ангехтани низои динӣ ва таблиғи терроризм панҷ сол зиндонӣ кард.

Қироати ҳукм бе ҳузури вакили дифои айбдоршаванда сурат гирифтааст. Жанна Умирова мегӯяд, ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Вай дар сухани охиринаш аз додгоҳ хост, ки ӯро зиндонӣ накунад. Жанна Умирова гуфт, ду тифли ноболиғро тарбия мекунад ва модари танҳояш аз бемории вазнин ранҷ мебарад. Айбдоршаванда ҳамчунин афзуд, ки парвандаашро кормандони кумитаи миллии амният сохтакорӣ кардаанд.

Жанна Умирова моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG