Кӯмак ба Қирғизистон давра ба давра дар шакли хадамот, таҷҳизот, мол, омӯзиш ва маблағ расонда мешавад. Бахши аввали кӯмак, иборат аз 41 миллион доллар, ба беҳбуди хадамоти гумрукӣ, зербинои ҳамлу нақл, ҳамкории иттилоотӣ, тандурустӣ, чораҳои зидди сӯхтор, назорати санитарию эпидемологӣ ва байторӣ равона мешавад.
Созишномаи ихтисоси 100 миллион доллар ёрона ба Қирғизистон дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии иттиҳоди Авруосиё охири соли гузашта дар Петербург имзо шуда, аммо тасвиби он ба дарозо кашидааст.