Ссылки доступа

Зодрӯзи журналист Мамайро дар зери девори маҳбас ҷашн гирифтанд


Тарафдорони рӯзноманигори зиндонии қазоқ -- Ҷонболат Мамай, ки бо иттиҳоми «шустушӯйи пул» боздошт шудааст, зодрӯзи ӯро дар пойи деворҳои маҳбас дар канораи шаҳри Алмато ҷашн гирифтанд.

Онҳо ва ҳамсари журналист -- Инга Иманбой хостанд, паёмҳои шодбош ва туҳфаҳои худро ба маҳбус расонанд. Ҷамъомадагон, ки падару модари рӯзноманигор низ миёни онҳо буданд, ҳамчунин шиорҳои «Озодӣ ба Ҷонболат!» сар доданд.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракае роҳандозӣ шудааст, ки MAMAYparty ном дорад.

Сардабири рӯзномаи мухолифи «Трибуна» Ҷонболат Мамай, ки 15 июн 28-сола шуд, аз 10 феврали соли равон дар зиндон аст. Ӯро айбдор мекунанд, ки ба воситаи нашрия маблағҳои ба таври ғайриқонунӣ аз бонки БТА берункашидаи бонкдори пешин ва сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязовро ба гардиш баровардааст.

Журналист ин айбномаро дорои ангезаи сиёсӣ меномад ва рад мекунад. Охири моҳи гузашта додгоҳ муҳлати боздошти Мамайро то 10 июл тамдид кард. Моҳи апрел тарафдорони Мамай дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи #MamayFest-ро баргузор ва озодии рӯзноманигорро талаб намуданд. Дар он ҳомиёни ҳуқуқ, фаъолон, журналистон ва шаҳрвандони қаторӣ ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG