Ссылки доступа

10 миллион доллар -- харҷи интихоботи президентии Қирғизистон


Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон тарҳи хароҷоти омодагӣ ва баргузории интихоботи президентии ин кишварро ба тавсиб расонд. Будҷаи интихобот дар ҳаҷми 671 миллиону 502 ҳазор сом (наздики 10 миллионов доллари ИМА) муқаррар шуд.

Ин маблағ аз будҷаи давлатӣ гирифта хоҳад шуд. Як рӯз пеш порлумони Қирғизистон 15 октябрро рӯзи баргузории интихоботи президентиро эълом дошт. Сар аз 15 июн маъракаи пешбарии номзадҳо сар шудааст.

То ҳол шаш сиёсатмадор эълон кардаанд, ки дар ин интихобот барои курсии раисиҷумҳури Қирғизистон мубориза хоҳанд бурд. Вале интизор меравад, номзадҳои ба маротиб бештаре ба майдон хоҳанд баромад.

XS
SM
MD
LG