Ссылки доступа

Сокинон Тоҷикистон аз ҳисоби тӯю маъракаҳо 18 млрд сомонӣ сарфа кардаанд (видео)


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Қонуни танзими маросимҳои миллӣ дар тӯли даҳ сол 18 миллиард сомонии мардумро сарфа кард ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳонид.

Маҳкам Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар як ҳамоиши бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни танзим гуфт, ки 10 сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 70 дарсад буд ва ҳоло ин рақам то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ӯ муътақид аст, ки яке аз сабабҳои пойинравии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти қонуни танзим будааст.

Раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аз ин қонун ситоиш кард ва гуфт, ки бисёр ҳамсояҳо аз он нусхабардорӣ карданд.

"Мо мушаххас кардем, ки қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон ба феҳрасти 100 қонуни нодири ҷаҳон шомил шуда, ҳоло бархе аз кишварҳои ҳамсоя назири Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон бандҳои ҷудогонаи қонуни моро бо номи дигар дар кишварҳои худ мавриди иҷро гузоштаанд. Дар Афғонистон ҳоло мехоҳанд чунин як қонунеро ба тасвиб расонанд", - гуфт Маҳмудзода.

Қонуни танзим теъдоди меҳмонон дар арӯсиҳоро бо 150 нафар ва тӯли ин маросимро бо 3 соат маҳдуд мекунад. Мақомот мегӯянд, ки ин тадбир ба хотири ҷиливгирӣ аз харҷҳои беҳуда ва ба қарз ғӯтидани оилаҳои камбизоат, ки намехоҳанд аз ҳамсояҳои худ кам биёянд, пиёда мешавад. Тибқи ин қонун, зодрӯз бояд танҳо дар ҳалқаи хонавода таҷлил шавад.

Онҳое, ки намехоҳанд қонунро риоя кунанд, барои худ роҳҳал пайдо кардаанд. Ба унвони мисол, як тоҷири тоҷик дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом, дар қаламрави Қирғизистон “тӯйхона” сохтааст ва бархе аз сокинони вилоят тӯйҳои пуршукуҳро дар ҳамин “Тӯҳхона” баргузор мекунанд ва ҷарима намесупоранд, чун қаламрави Қирғизистон аст. Гуфта мешавад, ки сарватмандони тоҷик маросими издивоҷи фарзандони худро дар кишварҳои хориҷӣ, назири Туркия ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мекунанд ва меҳмонҳои зиёдро зиёфат медиҳанд.

XS
SM
MD
LG