Бино бар иттилои донишгоҳи таҳқиқотии мушкилоти дунёи Стокҳолм, харҷҳои низомии Русия дар соли 2016 7,5 дарсад афзуда, ба 66 миллиард доллар баробар шудааст.
Яке аз сабабҳои боло рафтани харҷи низомии Русия маъракаи низомии ин кишвар дар Сурия ва афзоиши ҳузураш дар марз бо Аврупост. Ба ин тартиб, Русия аз рӯи масрафоти низомӣ мақоми севумро касб карда, аз Арабистони Саудӣ пеш гузаштааст. Мақоми аввалу дувумро ИМА ва Чин соҳибанд. Бино бар ҳисоби расонаҳои русӣ, Русия аз 30 сентябри соли 2015 то 30 сентябри соли 2016 дар ҷангҳои Сурия 58 миллиард рубл сарф кардааст.
Мустанади Оливер Стоун "Мусоҳиба бо Путин" имрӯзҳо дар шабакаи кабелии Showtime-и Амрико нишон дода мешавад.