Ссылки доступа

Аз осмон порчаи мушак афтод. Сӯхтор. Як кушта ва як захмӣ (видео)


Порчаи мушаки кайҳонии "Союз-2.1а" дар 50-километрии шаҳри Жезказгани вилояти Қарағандаи Қазоқистон афтода, боиси сӯхтор ва ҳалокати як нафар шуд. Ин мушак аз космодороми «Байконур» парвоз карда, киштии боркаши кайҳонии Русия "Прогресс МС-06"-ро ба мадори Замин баровард.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар маҳалли суқути порчаи мушак ҳарорат ба 34 дарҷа расида, суръати бод 15 метр дар сонияро ташкил медод ва ин ҳолат сабаби сӯхтор гашт. Дар талоши хомӯш кардани оташсӯзӣ як корманди ширкати «НПО-Мошинсозӣ» ҳалок шуда, ҳамкори ӯ захм бардошт. Ин ширкат масъули ҷамъоварии порчаҳои афтодаи киштиҳои кайҳонист.

Дар пасманзари воқеа корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки аз қисматҳои суқуткардаи мушаки кайҳонӣ маводи сӯхти радиоактивии гептил шоридааст ва биноан аҳолӣ бояд дару тирезаи худро баста, кӯдаконро берун баромадан намонад. Дертар Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ хабар дод, ки қисматҳои афтодаи мушак ҳеч гуна маводи хатарнок надоранд.

Вакилони порлумони Қазоқистон бар инанд, ки бояд қисматҳои афтодаи мушак ва киштиҳои кайҳонӣ мавриди таҳқиқ қарор гиранд. «Ин як фоҷиа аст. Мушакҳои кайҳонӣ солҳои дароз такмил мешаванд, вале боз ҳам ҳодисаҳои нохуш рӯй медиҳанд. Шармовар аст!» - Изҳор дошт узви порлумон Владислав Косарев.

На Казахстан упали обломки российской ракеты, от пожара погиб человек
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:45 0:00

XS
SM
MD
LG