Ссылки доступа

Ҳарбиёни Қирғизистон зери «чашм»-и дурбин қарор гирифтанд


Сардори шӯъбаи тафтишоти Додситонии ҳарбии Қирғизистон Асилбек Малаев мегӯяд, насби дурбинҳои назоратӣ дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии ин кишвар ба поён расидааст. Интизор меравад, ин чора ба пешгирӣ аз бадрафторӣ ва хушунат дар қисмҳои ҳарбӣ кӯмак кунад.

«Мо ҳар як ҳолати бадрафториро дар артиш таҳқиқ мекунем. Ҳангоми ҳалокати низомиён ташхис мегузаронем. Ақидаи падару модаронро ба назар мегирем. Дар ҳолате ки шароити мавҷуда сабаби худкушии сарбоз шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз мекунем”, - гуфт ӯ.

Ба огаҳии Ваколатдори ҳуқуқи инсон Қубод Оторбоев, дар соли 2016 дар артиши Қирғизистон шаш сарбоз худкушӣ кардаанд. Вай меафзояд, сабабҳои ба худкушӣ расондани сарбозон таҳқиқношуда мемонанд.

Бино бар маълумоти Додситонии ҳарбии Қирғизистон аз соли 2010 то ҳоло дар сафи Нерӯҳи мусаллаҳи ин кишвар зиёда аз 80 сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Беш аз 60 дарсади онҳо худкушӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG