Ссылки доступа

Путин ба суоли ширкат дар интихоботи оянда посух надод


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки мубориза бо фақр ва таъмини афзоиши даромади аҳолӣ аз вазифаҳои асосии раҳбари ояндаи кишвар хоҳад буд. Аммо ӯ ба пурсиши ин ки оё дар интихоботи оянда номзад хоҳад шуд, посух надод.

Путин гуфт, президенти нави кишварро мардум интихоб хоҳанд кард. Вай ба таъсири таҳримҳои Ғарб ишора кард, вале афзуд, чунин муносибат бо Русия аз замони «ба пой хестани он» идома дорад ва баръакс кӯмак кард, ки «ақли худро кор фармоем».

Дар посух ба суоле роҷеъ ба эътирозҳои зидди фасод президенти Русия гуфт, «баъзеҳо аз душвориҳо суистифода мекунанд». Вай нагуфт, киро дар назар дорад.

Путин пештар ҳам аз посухи ошкор ба суоли ширкат дар интихоботи оянда худдорӣ кардааст. Намояндагони Кремл изҳор доштаанд, ки президент дар ин бора фикр намекунад ва ҳеч гуна маъракаи интихоботӣ роҳандозӣ нашудааст.

То ҳоло сиёсатмадороне монанди Владимир Жириновский, Григорий Явлинский ва Алексей Навалний гуфтаанд, ки дар интихоботи президентии Русия, ки бояд 18 марти соли 2018 баргузор шавад, ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG