Ссылки доступа

Ронандагони ӯзбекро ба кирокашии ройгони милисаҳо маҷбур мекунанд


Дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон ронандагони мошинҳои "Дамас"-ро маҷбур месозанд, ки шабҳо навбатдорӣ карда, пулиси роҳро ройгон то нуқтаҳои назоратӣ расонанд.

Раёсати таъмини бехатарӣ дар роҳҳои вилояти Андиҷони ин кишвар мегӯяд, дар шаҳр маъракаи "Ҳифзи оромӣ" идома дорад ва дар доираи маъракаи мазкур аз ронандагони "Дамас" хоҳиш шудааст, ки ба пулис кӯмак расонанд.

Яке аз ронандагон мегӯяд, вай ва ҳамкори дигараш рӯзҳо мусофиркашонӣ мекунанд ва шабҳо дар хизмати ройгони пулис қарор доранд.

"Чаҳор корманди пулис ба мошин мешинанд ва фармон медиҳанд: "Ҳай кунед." Ба ин тариқ то соати 5 субҳ онҳоро ба нуқтаҳои назоратӣ (постгоҳҳо) мерасонем. Мо аз ин ҳолат норозӣ ҳастем", - гуфт як ронанда аз Андиҷон.

Ба гуфтаи вай, ронандаҳое, ки аз фармони пулис саркашӣ мекунанд, бо ҷарима таҳдид мешаванд.

XS
SM
MD
LG