Ссылки доступа

Трамп аз хабарҳо дар бораи таҳқиқи амалкардҳояш ба хашм омад


Президенти ИМА Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп аз таҳқиқи қонунӣ будани амалкардаш дар мавриди аз кор озод кардани мудири пешини Бюрои федеролии таҳқиқот (БФТ) Ҷеймс Комӣ ба хашм омадааст. Дар саҳифаи Твиттер вай бори дигар вазъро "бузургтарин шикори ҷоду дар таърихи Амрико" номид.

Ибтидо "талош карданд, ки "робитаҳо" бо Русияро исбот кунанд, аммо чизе пайдо нашуд, акнун мавҷудияти монеаи адолати додгоҳиро суроғ доранд", навиштааст Трамп.

Вай ба маводи нашрияи The Washington Post дар бораи он ки додситони махсус Роберт Мюллер қонунӣ будани амалкарди президентро зимни аз кор озод кардани Комӣ месанҷад, чунин навиштааст.

Роберт Мюллер, ки дар гузашта ба ҳайси мудири БФТ низ фаъолият дошт, чанде пеш аз сӯи вазорати адлияи ИМА додситони махсус таъйин шуд. Додситони махсус дахолати эҳтимолии Русияро дар маъракаи интихоботи президентии ИМА ва робитаҳои ситоди интихоботии Трампро бо Русия таҳқиқ мекунад. Додситон соҳиби салоҳиятҳои зиёде шуд. Аз ҷумла вай ҳақ дорад, ки амалкардҳои президентро таҳқиқ кунад.

Ҷеймс Комӣ дар Сенати ИМА ҳафтаи гузашта гуфт, бовар дорад, ки аз кор озод кардани вай ба таҳқиқи дахолати Русия дар рафти интихоботи президентӣ рабт дорад.

XS
SM
MD
LG