Ссылки доступа

Ноиби Трамп низ аз гумонбарони "парвандаи Русия" шуд


Пажӯҳиши мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА ноиб-президенти Амрико Майк Пенсро низ ба мадори худ кашид. Шоми панҷшанбе маълум шуд, ки Пенс барои ҳимояти худ дар ин парванда вакили дифоъ гирифтааст.

Пенс дар барканории мудири пешини Бюрои федеролии таҳқиқот (БФТ) Ҷеймс Комӣ даст дорад. Сабукдӯш шудани Комиро рақибони Трамп монеагузорӣ ба адолати додгоҳӣ унвон кардаанд. Сарвари собиқи БФТ таҳқиқи парвандаи «дахолати Русия»-ро назорат мекард.

Додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер машғули таҳқиқи ин аст, ки оё миёни ситоди интихоботии Трамп ва Кремл робита ва суиқасде зидди рақиби интихоботии Трамп -- Ҳилларӣ Клинтон вуҷуд дошт ва агар дошт, оё ҳукумати Трамп дар пайи пинҳон доштани ин тавтеа аст ё не?

Трамп рӯзномаи "Вашингтон пост"-ро барои хабари он ки ӯ метавонад, яке аз ҳадафҳои пажӯҳиши Мюллер бошад, зери танқид гирифт. Нашрия навишт, Трамп мумкин аст, бо барканор кардани Комӣ пеши роҳи адолати додгоҳиро гирифта бошад.

Трамп худро “қурбонӣ”-и бузургтарин шикори дурӯғин номид, ки аз тарафи "ашхоси уқдаӣ" роҳандозӣ шудааст ва шиква кард, ки дар ҳамин ҳол, рақиби интихоботии ӯ -- Ҳилларӣ Клинтон барои истифодаи имейли шахсӣ дар баррасии асрори давлатӣ беҷазо мемонад.

XS
SM
MD
LG