Ссылки доступа

Қирғизистон дар баҳси додгоҳӣ бо Туркия пирӯз шуд


Ширкати "Киргизалтин" хабар медиҳад, ки дар баҳси додгоҳӣ бо ширкатҳои туркии "Систем Мюхендислик" ва "Энтес" дар додгоҳи олии Канада пирӯз шуд. Дар хабар омадааст, 15 июн додгоҳи олии Канада дар бораи рад кардани шикояти ширкатҳои туркӣ қарор баровард.

29 декабри соли 2016 додгоҳи таҷдиди назари вилояти Онтариои Канада қарор кард, ки саҳмияҳои ширкати "Киргизалтин" дар ширкати "Centerra Gold Inc."-и Канада ба таври истисноӣ моли ширкати "Киргизалтин" буда, наметавонанд аз сӯи даъвогарони Қирғизистон мусодира шаванд.

Ба ин тартиб, додгоҳи олии Канада қарори зинаи поёниро бетағйир боқӣ гузошт.

"Интизор меравад, бештар аз 11 миллиону 867 ҳазор доллари ширкат дар наздиктарин фурсат, ки дар суратҳисобҳои ширкати "Киргизалтин" дар Канада ҳабс шудаанд, озод гарданд", - омадааст дар хабари ширкат.

Ба гуфтаи намояндагони "Киргизалтин", "пирӯзи дар додгоҳ санаи 15 июни соли 2017 ширкати мазкурро аз даъвоҳои додгоҳӣ халос кард. Ин баҳсҳо 6 сол идома доштанд. Даъвои ширкатҳои туркӣ нисбати "Киргизалтин" наздики 165 миллион долларро ташкил медод".

XS
SM
MD
LG