Ссылки доступа

Дар садамаи роҳ кӯдаки шашсоларо бадмаст унвон карданд


Кумитаи тафтишоти Русия парвандаеро таҳқиқ мекунад, ки бино бар он писарчаи шашсола ҳангоми мастӣ дар шаҳри Железнодорожнии наздикии Москва зери мошин мондааст.

"Дар хуни кӯдаки шашсола, ки бар асари садама ҳалок шудааст, 2,7 промилле алкогол ёфтаанд. Оилаи кӯдак ташхиси такрориро талаб мекунад ва ҳамчунин мегӯяд, дар рафти тафтиш шоҳидон зери фишор афтода, худи парванда бо дермонии қариб якмоҳа боз шудааст. Қисме аз далелҳо дар байн нобуд карда шудаанд ", – гуфта мешавад дар гузориши Кумитаи тафтишоти Русия.

Садама рӯзи 23 апрел рух дода, танҳо 15 июн расонаӣ шуд. Фурӯшандаи ширкати мобилӣ Олга Алисоваи 31-сола кӯдаки шашсоларо дар ҳавлии биное бо мошин пахш ва ба масофае кашола кардааст.

Ба иддаои ҳомиёни Алисова, кӯдак ногаҳон ба рӯйи роҳ баромада, нишастааст. Ба ин сабаб ронанда ӯро надида, пахш кардааст. Рӯзи 12 июн ба падари кӯдак хулосаи ташхиси судию тиббиро доданд, ки бино бар он дар хуни писарча 2,7 промилле алкогол кашф шуда, ӯ дар ҳолати мастии вазнин будааст.

"Ман такон хӯрдам. Ҳатто на аз ин коғаз -- аз он ки муфаттиш бе ягон осори хиҷолат онро ба ман дод. Идомааш чӣ бояд бошад? Маро аз ҳаққи падарӣ маҳрум мекунанд ва боз маҷбур мекунанд, узр пурсам? " – гуфт падари кӯдак Роман Шимко. Кумитаи тафтишоти Русия барои рушан кардани асли қазия ташхиси такрорӣ мегузаронад.

XS
SM
MD
LG