Ссылки доступа

Дар як садамаи маргбор дар Тоҷикистон ҳафт ҷавон ҳалок шуд


Дар натиҷаи як садамаи нақлиётии мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҳафт ҷавон ба ҳалокат расидааст. Фалокат шоми ҳамин рӯз 18-уми июн рух дод. Хешовандони яке аз ин ҷавонон бо номи Фаррух гуфт, зоҳиран ду мошин дар роҳ ба ҳам бархӯрдаанд ва аз мусофирони ҳарду мошин ҳеҷ касе зинда намондааст.

Яке аз табибон дар шифохонаи марказии ноҳияи Восеъ вуқӯи фалокатро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷасади шаш ҷавонро барои муоина ба шифохонаи онҳо оварданд ва ҳафтумӣ зинда, вале дар ҳолати бисёр вазнин интиқол ёфт.

“Баъзе устухонҳояш реза шуда буд, шушаш пора шуд, ҳар қадар саъй кардем, мутаасифона натавонистем, ӯро наҷот бидиҳем. Баъди 10-15 дақиқа даргузашт” – гуфт табиб. Калонсолтарин қурбонии фалокат 24 сол доштааст, бақия 23-сола ва яке 20 сол ҳам доштааст.

Ин табиб афзуд, чаҳор нафари онҳо аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва се нафар аз Кӯлоб будаанд. “Хешовандонашон омаданд, мо ҷасадҳояшонро ба онҳо супурдем. Сабаби фалокатро мо намедонем, мо табиб ҳастем, сабабҳояшро мутахассисони дигар таҳқиқ мекунанд” – гуфт табиби беморхонаи ноҳияи Восеъ.

Яке аз хешовандони қурбонии фалокат гуфт, ки қарор буд, ду нафар аз ин ҷавонон баъд аз Иди Рамазон издивоҷ кунанд. Дар ҷои ҳодиса мақомоти қудратӣ таҳқиқ анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG