Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҳашт сокини як деҳа барои акс бо парчами ДИ зиндонӣ шуданд


Додгоҳи махсуси вилояти Қазоқистони Ғарбии ҷумҳурии Қазоқистон ҳашт сокини деҳаи Жангалаи ноҳияи Жангалиро бо моддаи "Ташкил ва ширкат дар фаъолияти гуруҳи террористӣ" аз 5 то 15 сол зиндонӣ кард.

Тибқи парванда, зиндониҳо аз 25 то 30 сол дошта, ҳамроҳ бо кӯдакон дар пасманзари парчами сиёҳе, ки бо забони арабӣ "Нест Худое ҷуз Аллоҳ" навишта шудааст, акс гирифтаанд ва нияти ҳамла ба раёсати корҳои дохилии маҳаллиро доштаанд.

Дар парванда омадааст, ки "ҳодисаҳои 5 июни соли 2016 дар Оқтеппа ба руҳияи Габдешев (яке аз айбдоршавандаҳо) таъсир расонида" ва вай ташкили терактро ба нақша гирифта, ин нақшаро бо дигар аъзои гуруҳ дар миён гузоштааст. Аъзои гуруҳ мошинсавор ба деҳаҳои атроф рафта, парчами сиёҳро барафрохта, "Оллоҳу Акбар" садо задаанд. "Бо ин амалашон тасдиқ кардаанд, ки аз созмони тундгарои "Давлати исломӣ" пуштибонӣ мекунанд", - омадааст дар парванда.

Айбдоршавандаҳо ин иттиҳомро рад мекунанд. Вакилони дифоъ ва хешони айбдоршавандаҳо ният доранд, ба зинаи болоии додгоҳ шикоят баранд.

XS
SM
MD
LG