Ссылки доступа

Масҷиди ҷомеи Нур дар Мавсил ба хок яксон шуд


Мечеть и ее "горбатый" минарет 24 мая 2017 года
Мечеть и ее "горбатый" минарет 24 мая 2017 года

Ба огаҳии Вазорати дифои ИМА ва ҳарбиёни ироқӣ, ҷангиёни гурӯҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" рӯзи чаҳоршанбе масҷиди машҳури Нурро дар шаҳри Мавсил тарконданд.

Ин масҷид охирин пойгоҳи ДИ дар Мавсил буд. Бино бар гузориши низомиёни ироқӣ, ҷангиёни "Давлати исломӣ" баъд аз он ки дар муҳосираи тамом монданд, масҷидро мунфаҷир карданд. Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ эълом дошт, ки чунин амали ДИ "баробар бо эътирофи шикаст аст".

Масҷиди Нур, ки бо манори хамидааш шӯҳрат дошт, рамзи шаҳри Мавсил ба шумор мерафт. Аз минбари он наздики се сол пеш раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" Абубакр Бағдодӣ аз таъсиси хилофати нав хабар дода, мусалмононро ба ҷиҳоди сартосарӣ даъват карда буд. Барои ироқиҳо ишғоли масҷид пирӯзии бузурги рамзӣ ба шумор меравад.

ДИ нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро айбдор кард, ки гӯё масҷидро бомбаборон кардаанд, вале манобеи амрикоӣ ва ироқӣ ин фарзияро қатъиян рад намуданд. Сарфармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия Стивен Таунсенд таркондани масҷидро бозтоби "ғояҳои бераҳмона ва бехудоёна"-и ДИ номид, ки "бояд дар ҷаҳон ҷой надошта бошад".

XS
SM
MD
LG