Ссылки доступа

Меҳмонсарои «ҷанҷолӣ»-и Қирғизистон моли давлат шуд


Меҳмонсарои “Ақ-Кеме” рӯзи 22 июн бо ёрии 300 корманди пулис ба моликияти давлатии Қирғизистон табдил дода шуд. Ба гуфтаи мудири корхонаи давлатии “Мулк» -- Орозбек Нусувалиев, пулис барои холӣ кардани бино "аз зӯр кор нагирифта, балки назорат кардааст, ки ба қонуншиканӣ роҳ дода нашавад".

«Меҳмонсаро бо қарори додгоҳ ба Вазорати молия дода шуд. Вазорат дар навбати худ моҳи феврали соли равон онро дар ихтиёри Бунёди моликияти давлатӣ гузошт. Баъдан мо борҳо ба мудирияти меҳмонсаро муроҷиат кардем, ки биноро холӣ кунанд, вале онҳо ин даъватҳоро нодида мегирифтанд. Моликияти давлатӣ бояд ба давлат фоида орад,» - гуфт Нусувалиев.

Аммо мудирияти меҳмонсарои “Ақ-Кеме” изҳор медорад, ки бино бар ҳукми додгоҳ, бояд моликият миёни он ва ҳукумат баробар тақсим мешуд ё фарқи маблағ пардохта. Кормандони меҳмонсаро, ки бо дастури пулис биноро тарк карданд, ҳамаи амалиётро «ишғоли рейдерӣ» меноманд.

“Ақ-Кеме” бо қарзи давлатии ҳукумат аз тарафи ширкати туркии “Систем Мюхендислик”сохта шудааст. Пас аз инқилоби соли 2005, моликони он иваз шуданд, вале то ҳоло он дар идораи ашхоси алоҳида боқӣ монд. Моҳи гузашта ҳукумат тасмим гирифт, мудирияти меҳмонхонаро ба дасти худ гирад.

XS
SM
MD
LG