Ссылки доступа

Зиндониҳои тоҷики Чин дар интизори истирдод (видео)


Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Чин соати марги худро интизоранд, агар бюрократия халал нарасонад, имкон доранд, аз марг наҷот ёфта ва ё ҳабси якумриро дар ватани худ сипарӣ кунанд.

Имзои санади ниҳоӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин, ки табдили маҳкумшудаҳоро имконпазир мекунад, оилаи Ғуломалиевҳоро ба дидори дубора бо падару модар умедвор кардааст. Дар ҳоле ки падари хонадон Абдураҳим Ғуломалиев, қарор аст, соли 2018, баъд аз хатми мӯҳлати зиндон озод шавад, ҳамсари 56-солаи ӯ Хайриннисо Ғуломалиева бо ҳукми ҳабси абад панҷ сол боз дар зиндони занонаи Урумчӣ аст.

Ғуломалиевҳо дар қатори 15 зиндонии тоҷик барои нақзи қонунҳои Чин ба мӯҳлатҳои мухталиф маҳбус шудаанд. Додситони кулли Тоҷикистон соли 2015 дар як ҷаласаи порлумон гуфта буд, ки дар зиндонҳои Чин 16 шаҳрванди кишвар нигаҳдорӣ шуда ва ҳамаи онҳо барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд. Юсуф Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар порлумон дар ҷараёни тасвиби созишномаи мазкур гуфта буд, чаҳор маҳкумшуда, аз ҷумла се зан ва як мард ба ҳукми қатл ва 5 нафар ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудаанд. Ҳукми эъдоми як нафари онҳо соли 2016 ба иҷро даромад ва ҷасади ӯ ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Насиба Ғуломалиева, духтари Абдураҳим ва Хайриннисо Ғуломалиевҳо, рӯзи 20-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шунидани хабари имзои санад миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Чин шод шудааст. Насиба гуфт, фақру нодорӣ ва зиндонишавии падар соли 2012 модарашро водор кард, ки бо ҳадафи дарёфти пули калони маводи мухаддир ба Чин биравад. Ӯ гуфт, ин сафари нахустин ва охирини модар ба Чин буд.

В Китае казнили Хасана Юсуфова, гражданина Таджикистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:25 0:00

Рӯзи 19-уми июн Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки санади ниҳоии табдили маҳкумшудаҳо миёни Душанбеву Пекин аз ҷониби сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин Лю Ҷэнмин имзо гардид. Ин созишнома 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, соли 2015 аз ҷониби порлумони тасдиқ шуда буд. Санад 19 июли соли ҷорӣ ба иҷро медарояд.

XS
SM
MD
LG