Ссылки доступа

Думаи давлатии Русия иҷозат дод, дороӣ ва иттилои шахсии мансабдорон махфӣ монад


Вакилони думаи давлатии Русия дар хониши севум лоиҳаи қонунеро қабул карданд, ки салоҳияти Хадамоти федеролии муҳофизатро густариш медиҳад. Аз ҷумла, лоиҳаи қонун ба Хадамоти мазкур иҷозат медиҳад, ки иттилои шахсии афроди таҳти муҳофизат махфӣ нигаҳ дошта шавад.

Ин макони истиқомат ва дороиҳои афроди таҳти муҳофизатро, ки миёнашон ҳамаи мансабдорони болоии ҳукумат, губернаторон, роҳбарони ширкатҳои бузург ҳастанд, дар бар мегирад.

Тибқи қонун, ҷамъоварӣ ва оммавӣ кардани иттилои шахсӣ дар бораи тоифаи мазкур ва аҳли хонаводаи онҳо танҳо бо розигии худи онҳо ва иҷозаи мақомоти давлатӣ мумкин хоҳад буд.

Ҳамзамон, бар асоси қонуни охир, Хадамоти федеролии муҳофизат ҳақ дорад, ки натанҳо "барои ҳифзи иттилои шахсии объектҳои муҳофизатшаванда", балки аъзои хонаводаи онҳо ҳам чораандешӣ кунад. Ба ҷуз ин, Хадамоти мазкур ҳақ пайдо мекунад, ки ҳаракат дар роҳҳои объектҳои таҳти муҳофизати давлатиро маҳдуд кунад ва аз фурудгоҳҳову дигар майдонҳои нақлиётӣ ройгон истифода барад.

Лоиҳаи қонуни мазкур моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯи президенти Русия Владимир Путин ба порлумон пешниҳод шуда буд. Моҳи марти соли ҷорӣ Путин ба Хадамоти федеролии муҳофизат иҷозат дод, ки қитъаҳои заминро барои эҳтиёҷоти Русия мусодира кунад.

XS
SM
MD
LG