Ссылки доступа

Камол Нуралиев, қудои президенти Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ фавтид


Камол Нуралиев, собиқ муовини аввали вазири хоҷагии об ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса рӯзи 22-юми июн дар роҳи миёни Норак ва Данғара иттифоқ афтода, эҳтимол ӯ рӯзи ҷумъа дар ноҳияи Данғара ба хок супурда шавад. Камол Нуралиев 70 сол дошт ва тайи тақрибан ҳашт соли охир бознишаста буд.

Писараш Ҷамолиддин Нуралиев, ки бо духтари дувуми президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон издивоҷ кардааст, моҳи майи соли 2015 муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ҷамолиддин Нуралиев то соли 2010 муовини вазири молия ва тайи 5 соли охир муовини якум дар ин вазорат буд. Ҳамсари ӯ Озода Раҳмон раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG