Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон дарсҳои интернетии исломӣ ташкил шуд


Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дарсҳои онлайнии исломиро ба роҳ монд. Тавре маркази матбуотии идора хабар медиҳад, ин дарсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас ҳастанд.

Дарсҳо ҳафтае се маротиба - рӯзҳои душанбе, сешанбе ва чаҳоршанбе ташкил мешаванд. Олимони машҳур ва омӯзгорони Донишгоҳи исломии Тошканд дарсҳои интернетиро таълим медиҳанд.

Мавзуи тафсир, ақида, фиқҳ, шарҳи ҳадис, таҷвид ва забони арабӣ дар дарсҳо баён мегардад.

XS
SM
MD
LG