Ссылки доступа

Конгресс таҳримҳои нави зидди Русияро ба тасвиб расонд


Аъзои Палатаи намояндагони Конгресси ИМА рӯзи сешанбе лоиҳаи қонун дар бораи таҳримҳои зидди Русия, Эрон ва Куриёи Шимолиро тасвиб карданд. Лоиҳа бо 419 раъйи ҷонибдор ва 3 раъйи мухолиф қабул гашт.

Ин лоиҳа таҳримҳоеро қонунӣ мекунад, ки бо қарори президенти ИМА дар посух ба амалҳои Русия дар шарқи Украина, ишғоли Қрим ва дахолат дар маъракаи интихоботии ИМА эълом шудаанд.

Қонунгузорони Амрико бо ин қарор ҳамчунин низоми таҳримҳоро тавсеа дода, президентро вазифадор мекунанд, то зидди шаҳрвандони Русия, ки бо дастури Кремл амнияти киберии сокинон, институтҳои демократӣ ва ҳукуматро халалдор кардаанд, таҳрим эълон намояд. Барои ин гуна фаъолиятҳо ҷарима дар шакли ҳабси дороиҳояшон дар ИМА ва манъи вуруди онҳо ба Иёлоти Муттаҳида пешбинӣ мешавад. Тибқи лоиҳа, ҳамчунин зидди шахсоне, ки дар минтақаҳои ишғолӣ ё зери идораи Русия ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд, таҳрим ҷорӣ хоҳад шуд.

Лоиҳаи қонун ҳамчунин ба Конгресс имкон медиҳад, то аз талошҳои Кохи сафед барои тағйир ё коҳиши таҳримҳо пешгирӣ кунад. Тамоми тасмимҳои маъмурияти ИМА, ки ба ояндаи таҳримҳо рабт дорад, дар Конгресс баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо аз ин қарори аъзои Палатаи намояндагон истиқбол карданд.Интизор меравад, шакли ниҳоии он нимаи дувуми моҳи август барои имзо ба президент Доналд Трамп пешниҳод шавад.

XS
SM
MD
LG