Ссылки доступа

Душанбе ва Тошканд хатҳои додугирифти барқро барқарор мекунанд


Тоҷикистон барои додугирифти нерӯи барқ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, омодааст. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби кишвар 25 июл дар ин бора хабар дод ва гуфт, “ин додугирифт то андозае ба фоидаи Душанбе хоҳад буд”.

Вале ба гуфтаи ӯ, тахриби хатҳои интиқоли нерӯи барқ дар минтақаҳои наздимарзии Ӯзбекистон дар ин кор мушкил эҷод мекунад.

“Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” хатти интиқоли барқи 500-киловатӣ аз зеристгоҳи “Регар”-ро ташхис карданд ва ҳамаи камбудҳо рафъ шуд. Аммо ҷониби Ӯзбекистон гуфт, ки қисме аз масир дар вилояти Сурхандарё 10 сол пеш тахриб шуда, имкон дорад, дар фурсатҳои наздик барқарор гардад", - афзуд Усмонзода.

Усмонзода гуфт, Душанбе ва Тошканд ҳамчунин дар робита ба барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ дар ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарзанд, ба созиш расидаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон метавонад дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя 5 миллиард кВт нерӯи барқ содир кунад.

Ибтидои соли равон Бонки Осиёии Рушд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кард, то гуфтугӯҳоро барои эҳёи бозори ягонаи энержӣ дар Осиёи Марказӣ, ки солҳои шӯравӣ ташкил шуда буд, тақвият диҳанд. Ба гуфтаи бонк, кишварҳои минтақа бо ин роҳ метавонанд, бо истифода аз захираҳои энержии ҳамдигар мушкили барқи худро ҳал намоянд.

XS
SM
MD
LG