Ссылки доступа

Даъвогарони курсии президенти Қирғизистон аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд


Комисияи миллии забони давлатӣ чаҳор номзади аввалро, ки миёнашон раиси зиндонии ҷиноҳи "Ота Макон" Омурбек Текебоев ҳам ҳаст, барои имтиҳонсупорӣ даъват кард. Ин чаҳор нафар бояд имрӯз имтиҳон супоранд.

Миёни ин афрод нахуст мудири маркази "Лигаи зиддибуҳронӣ" Назарбек Нишонов аст, ки нахустин шуда барои мақоми президентӣ ариза дода буд. Нафари дувум Омурбек Текебоев аст, ки ӯ дувумин шуда ба комисияи интихоботӣ ариза фиристода буд. Аз рӯи тартибот, Текебоев бояд баъди Нишонов имтиҳон супорад, аммо 25 июл додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек дархости вакилони ӯро дар бораи таъмини ҳуқуқҳои интихоботии зерҳимояшон ва баргардонидани шиноснома рад кард.

Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон ҳанӯз роҳи ҳалле пайдо накардааст. Ҷонибдорони Текебоев дар бинои Комисияи интихоботӣ ҳузур доранд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари ҳизби "Ак Шумкар" Темир Сариев ва мудири ширкати "Ауирдин" Арстанбек Абдилдаев (ки бо ибораи "Зимистон намешавад" маъруф аст), барои супоридани имтиҳон ҳозир шудаанд.

Имтиҳони забони давлатӣ ду соат идома хоҳад кард. Номзадҳо аз қоидаҳои забони қирғизӣ имтиҳон месупоранд ва бояд бештар аз 60 хол ва баҳои "болотар аз миёна"-ро соҳиб шаванд.

XS
SM
MD
LG