Ссылки доступа

Трамп пешниҳод кард, лотереяи "корти сабз" барҳам дода шавад


Доналд Трамп, президенти ИМА пешниҳод кард, ки қоидаи дарёфти "корти сабз" ё "грин карта" тағйир ёбад. Вай ҳамроҳ бо ду сенатори дигар лоиҳаеро бо номи The RAISE таҳия кардааст, ки бар асоси он лотерея ҳангоми дарёфти ҳаққи истиқомат дар ИМА бекор карда мешавад.

Бар асоси низоми пешниҳодии Трамп, бартарият дар навбатпоии "корти сабз" ба он муҳоҷироне дода мешавад, ки сатҳи забондониашон баланд аст, даромади хуб ва инчунин касби барои Амрико серталаботро доранд.

Президент низоми кунунии "корти сабз"-ро танқид кард. Вай гуфт, низоми кунунӣ боис шуд, ки "муҳоҷирони зиёде бо сатҳи ками даромад вориди ИМА шуда", дар натиҷа аз давлат кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд.

Низоми ҷории дарёфти ҳаққи истиқомат дар ИМА соли 1990 қабул шуда буд. Тибқи тартиботи кунунӣ, "корти сабз" бар асоси лотерея дода мешавад. Шаҳрвандони кишварҳое, ки шумори ками сокинонашон дар ИМА муҳоҷир ҳастанд, ҳақ доранд, дар он лотерея ширкат варзанд. Ҳамасола наздики 50 ҳазор одам бо дарёфти "корти сабз" ё "грин карта" ҳаққи истиқомат ва корро дар ИМА соҳиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG