Ссылки доступа

Яке аз гуруснашинони ҷонибдори Текебоевро ба бемористон бурданд


Табибони Ёрии таъҷилӣ яке аз фаъолони ҳизби "Ота Макон" Темир Эмиловро, ки дар гуруснашинӣ иштирок дошт, ба бемористон бурданд. Дар ин бора иштирокчинии дигари иқдоми гуруснашинӣ Айбек Султонқулов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, масъулони ситод табибонро даъват карданд, ки вазъи иштирокчиёни иқдомро ташхис кунанд. "Сиҳатии Эмилов нохуб буд, табибон ӯро барои ташхис дар беморхона, бо худ бурданд", - гуфт Султонқулов.

Иқдоми гуруснашинии ҷонибдорони сиёсатмадор Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов 31 июл шуруъ шуд. Онҳо талаб доранд, ки "ба таъқибҳои сиёсӣ хотима дода шавад".

Роҳбари ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев ва сафири пешин Дуйшенқул Чотонов панҷ моҳ инҷониб дар боздоштгоҳи КДАМ нигаҳдорӣ мешаванд. Ин ду сиёсатмадор дар фасодкорӣ айбдор мешаванд.

Нисбати онҳо дар асоси шоҳидии шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский парванда кушода шудааст. Шаҳрвандони Русия гуфтанд, барои мусоидат дар харидории саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба Текебоев 1 миллион доллар додаанд. Айбдоршавандаҳо ин даъворо таъқиби сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG