Ссылки доступа

Додгоҳе дар Алмато як "тундгаро"-ро зиндонӣ кард


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон додгоҳ шаҳрвандеро, ки "ният дошт ба Сурия рафта, ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои ифротӣ биҷангад", зиндонӣ кард.

Бар пояи иттилои додгоҳ, шаҳрванд М. мехост, тавассути Қирғизистон ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафта, ба гуруҳи "Ҷабҳат ан-Нусра" бипайвандад. Бо ҳукми додгоҳ, шаҳрванд М. 6 сол зиндонӣ ва амволаш мусодира шудааст.

Синну сол, шаҳрвандии маҳкумшуда эълон намешавад. Вале додгоҳ мегӯяд, вай пайрави ҷараёни салафия аст.

Ҳукми додгоҳ қувваи қонунӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG