Ссылки доступа

Эътирози ҷонибдорони Алӣ Фирӯз дар Москва ва Петербург


Дар шаҳрҳои Москва, Петербург, Вилнюс ва Берлин ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз, ки додгоҳ ҳукми ихроҷашро аз Русия содир кард, эътирозҳои инфиродӣ баргузор шуд. Пулиси Москва дар назди бинои дастгоҳи президенти Русия чаҳор нафарро боздошт кард.

Ба ҳимоят аз Фирӯз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи "Гузоришгарони бидуни марз", Amnesty International ва Human Rights Watch бархостанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, рӯзноманигорро дар Ӯзбекистон эҳтимол аст, шиканҷа кунанд. Нашрияи "Новая газета" талош дорад, ки Фирӯзро ба яке аз кишварҳои Аврупо интиқол диҳад ва барои ин кор шиносномаи Ҳилоли Аҳмар лозим аст.

Дар Шӯрои ҳуқуқи инсон ихроҷи Фирӯзро нақзи Конститутсияи Русия номиданд. Дар Кремл мегӯянд, ки мақомот наметавонанд, нақзи қонуни муҳоҷирати Русияро аз тарафи рӯзноманигор нодида бигиранд.

Алӣ Фирӯз (Худобердӣ Норматов) рӯзи сешанде дар назди идораи "Новая газета" дар Москва дастгир шуд. Ӯ як рӯз пеш аз болои қарори радди дархости паноҳандагияш дар Русия ба додгоҳ шикоят бурда буд. Додгоҳи ноҳияи Басмани Москва ҳукми ихроҷи ӯро аз ин кишвар содир кард ва барои нақзи қонунҳои муҳоҷират 5 ҳазор рубл ҷарима намуд. Баъди ҷаласаи додгоҳ ӯ талоши худкушӣ кард.

Шиносномаи рӯзноманигорро соли 2012 дуздиданд ва ӯ наметавонист, барои гирифтани шиносномаи нав ба ватан баргардад. Зеро, метарсад, ки дар Ӯзбекистон боздошт ва шиканҷа хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG