Ссылки доступа

Зиёда аз 420 ҳазор сокини Қазоқистон бе кумаки тиббӣ мемонанд


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон ҳушдор медиҳад, ки эҳтимол аст, дар оянда беш аз 420 ҳазор сокини шаҳру ноҳияҳои ҷанубии ин кишвар аз кумаки ройгони тиббӣ маҳрум шаванд. Мақомоти маҳаллӣ низ мавҷуд будани як қатор мушкилиҳоро тасдиқ мекунанд.

Намояндагони вазорат аз 28 июл то 2 август ба ноҳияҳои Казигурт, Сариагаш, Мактаарал, Ордабасин ва шаҳрҳои Туркистону Чимкенти Қазоқистон сафар карда, бо вазъи сокинони маҳаллӣ ошно шуда, оиди бимаи ҳатмии тиббӣ, ки аз соли 2018 роҳандозӣ мешавад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Биржан Бидайбердиулӣ баъди анҷоми силсилаи сафарҳо 2 август дар Чимкент хабар дод, ки дар Қазоқистони Ҷанубӣ то ҳол мақоми 423 ҳазору 410 сокини маҳаллӣ дар доираи тадбиқи низоми бимаи ҳатмии иҷтимоию тиббӣ муайян карда нашудааст.

"Агар 33 ҳазори онҳо бекор бошанд, пас боқӣ ҳама худиштиғоланд", - афзуд Бидайбердиулӣ.

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Тамара Дуйсенова ҳушдор дод, ки агар ин сокинон ҳамчун бекор ё худиштиғол ба қайд гирифта нашаванд, аз дарёфти кумаки ройгони тиббӣ дар оянда маҳрум хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG