Ссылки доступа

Додситони кул: Наздикони аъзои ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" бозпурсӣ мешаванд


Додситони кулли Тоҷикистон хабарҳо дар бораи фишор болои хонаводаи мухолифин, аз ҷумла аъзои ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24”-ро рад кард. Юсуф Раҳмон рӯзи 3-юми август дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, аъзои хонаводаи мухолифин дар робита ба парвандаи наздиконашон бозпурсӣ шуда, "аммо ҳеҷ вақт таҳти фишор набуданд".

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки ин иддао бепоя аст ва афзуд, "ин хел гап нест. Ягон хел фишор ба аъзои оилаи онҳо нест. Тарафи дигари масъала ин аст, ки мо дар доираи ҳар як парвандаи ҷиноӣ шахсони наздик ва хешутабори аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла “Гурӯҳи 24”-ро мавриди пурсиш қарор медиҳем. Аммо ягон фишор нест", - таъкид кард ӯ.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ охири моҳи июл бо пахши як изҳорот аз фишор болои хешутабор, тарафдорони аъзои ҳизб ва ширкатдорони ҳамоише бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд, изҳори нигаронӣ кард.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро соли 2015, баъди шӯриши мусаллаҳони муовини пешини вазири дифои кишвар мамнуъ эълон кард ва беш аз даҳ мақоми аршади онро бо иттиҳоми терроризм барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод. ҲНИТ, ки то баста шуданаш ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ шумурда мешуд, иттиҳоми терроризмро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадаф берун кардани ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ буд.

Созмони “Гурӯҳи 24” низ бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудааст. Аъзои ин гурӯҳ асосан дар хориҷа ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG