Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҳамҷинсгароён ба рӯзноманигор Шокирова ҳамла карданд


Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба сармуҳаррири сомонаи Radar.kg Карачач Шокирова, ки мехост амалиёти кормандони пулисро бозтоб диҳад, чанд мард дар либоси зан ҳамла карданд. Рӯзноманигор мегӯяд, дар беморхона бистарӣ аст.

"Ба ман ҳамҷинсгароён -- мардҳо, ки дар тан либоси занона доштанд, ҳамла карданд. Вақте ҳамроҳи пулис ба маҳалли ҳодисае, ки даъват шуданд, рафтем, сарусадо зиёд буд, шахсони маст фарёд мезаданд. Замоне, ки онҳо кормандони пулисро диданд, якеашон, намедонам, мард буд ё зан латукӯби маъмурони пулисро оғоз кард. Маҷбур шудем, нерӯи иловагӣ даъват кунем. Вақте нерӯи иловагӣ ҳозир шуд, ин одамон ба мо дарафтоданд. Дурбини маро шикастанд, либосҳоямро даронданд ва ба сарам бо санг заданд. Ҳоло дар беморхонаам", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, ҳодиса дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи пойтахти Қирғизистон рух додааст. Ӯ барои таҳқиқи қазия ба пулис шикоят бурдааст. Сухангӯи Раёсати умури дохилии Бишкек Одил Оморов гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо банди "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз ва шаш нафар дастгир шудааст.

"Хабар расид, ки ҷавонон тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд. Вақте ба маҳалли ҳодиса кормандони пулис ва рӯзноманигор ҳозир мешаванд, ба онҳо ҳамла мекунанд. Дастгиршудаҳо ба боздоштгоҳ интиқол дода шудаанд", - изҳор дошт Оморов.

XS
SM
MD
LG