Ссылки доступа

Ӯзбекистону Чин корхонаи муштараки истеҳсоли бозича месозанд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Корхонаи муштараки истеҳсоли бозича дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Ӯзбекистон сохта мешавад. Ширкати чинии Shandong Sanhe Toy дар якҷоягӣ бо Ӯзбекистон корхонаи мазкурро месозад.

Ин тарҳи нав ва масоили дигари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар мулоқоти муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Лазиз Қудратов бо раиси ширкати Shandong Sanhe Toy Сонг Чжинюан баррасӣ шуд.

Намояндаи Ӯзбекистон гуфт, ҳадаф аз ҳамкорӣ бо соҳибкорони Чин на танҳо сармоя ва даромади молӣ, балки ҳамчунин дастрасӣ ба технологияҳои нав, шеваҳои ҷадиди мудирият, стандарт ва сифат ҳам ҳаст.

Shandong Sanhe Toy, ки соли 2005 таъсис шудааст, бозичаҳои нарм ва электрониро ба ИМА, Канада, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ғайра содир мекунад.

XS
SM
MD
LG