Ссылки доступа

Президенти Туркманистон ислоҳоти кишоварзиро ноком донист


Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов эътироф кард, ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ, ки 10 сол пеш аз сӯи ҳукумат рӯи даст гирифта шуд, ба таври бояду шояд муассир набуд. Ба гуфтаи вай, Туркманистон ки имкони содир кардани ғалладонаро дар ихтиёр дорад, ҳоло маҳсулоти ғалладона ва ордро аз хориҷ ворид мекунад.

Дар як ҷаласа рӯзи 31 июл Бердимуҳаммадов гуфт, ки давлат барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ кӯмак мерасонад, аммо натиҷаҳо ҳамоно қонеъкунанда нестанд. Тибқи иттилои расмӣ, соли ҷорӣ истеҳсоли ғалладона нисбати нақша хеле кам буда, ҳамагӣ 1 миллион тоннаро дар бар мегирад. Дар ҳоле, ки мақомоти он кишвар интизор доштанд, то 1 600 миллион тонна ҳосил ғундоранд. Дар робита ба ин роҳбарони вилоятӣ ва ноиб-сарвазирон танбеҳ гирифтанд.

Сабабҳои кам шудани истеҳсоли ғалладона дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон садо додааст. Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, бадшавии вазъи замин, харҷи захираи тилоии кишвар барои хариди маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷ боиси кам шудани истеҳсолот гардидааст.

XS
SM
MD
LG