Ссылки доступа

Тоҷикистонро дар соли 2018 чӣ интизор аст?  (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз рӯзи 03-уми августи соли 2018 (видео)

- Гиряву шодиҳои хатмкунандагон баъди гирифтани СМС-и Маркази тестӣ. Бо вуҷуди дарёфти СМС ё паёмак аз Маркази миллии тестӣ ва огоҳ шудан аз эълони натиҷаи имтиҳонот, субҳи рӯзи 3-юми август даҳҳо довталаб ва волидон дар саҳни бинои ММТ ҷамъ омаданд. (видео)

- Зариф Ализода: Бо Ғаффор Мирзоев моҳи оянда сӯҳбат мекунем. Омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ахиран шикоятҳои Ғаффор Мирзоев, яке аз генералҳои бонуфузи замони ҷанги шаҳрвандиро дастрас кардааст. (видео)

- Садҳо китоби хонданӣ дар Тоҷикистон ба коми ташноб меравад. Дар Тоҷикистон, ки нигарониҳо аз камбуди талабот ба китоб зиёд буд, акнун баръакс афзоиши харидорони он мояи ташвиши масъулони китобхонаҳо шудааст. Барои таҳияи коғази ташноб ҳоло дастандаркорони ин тиҷорат дар ба дари китобхонаву дӯстдорони китоб гашта, бар ивази ҳар килои он 1 сомонӣ пешниҳод мекунанд (видео)

- Тоҷикистонро дар соли 2018 чӣ интизор аст? Ҳафтаи гузашта ҳукумати Тоҷикистон пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдоро дар мавриди ба рушди иқтисод дар соли ояндаро тасдиқ кард. Дар соли 2018 моро чӣ интизор аст? Шарҳи бештарро дар навори суҳбати вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бибинед (видео)

- Додситон: “Наздикони аъзои ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 бозпурсӣ мешаванд”. Додситони кулли Тоҷикистон хабарҳо дар бораи фишор болои хонаводаи мухолифин, аз ҷумла аъзои ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24”-ро рад кард (видео)

- Маросими тасдиқи Рӯҳонӣ ба мақоми президентии Эрон. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, интихоби дубораи Ҳасан Рӯҳонӣ ба маснади раиси ҷумҳурро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки «ман раъйҳоро тасдиқ ва Шуморо барои даври дуюм президенти ҷумҳурӣ таъин мекунам». (видео)

- Сӯхтори тарснок дар бинои 79 табақа дар Дубай. Яке аз баландтарин биноҳои осмонхарош дар Дубай рӯзи 4-уми август оташ гирифт, вале мақомот гуфтанд, ки мардумро зуд аз бино берун оварданд ва касе осеб надидааст (видео)

- "Мо зиндаем": наврасони украин дар бораи ҷанг филм меофаранд. Дар Киев намоишгоҳи аксҳое, ки наврасон дар ҷабҳаи ҷанг дар шарқи Украина бардоштаанд, баргузор шуд (нигористон)​

- Сокинони Бишкек аз гармо чи гуна паноҳ мебаранд. Дар Қирғизистон ҳафтаҳои охир гармои ҳаво то 40 дараҷа расид (нигористон)

- Баррасии парвандаи Семена: бозпурсии рӯзноманигор ва ҳуқуқи байналмилалӣ. Дар додгоҳи зери идораи Кремл дар Симферопол 3 август мурофиаи навбатии рӯзноманигори Қрим, муаллифи Қрим. Воқеият Николай Семена баргузор шуд. (видео аз Директ)

- «Бурҷи торик», «Дуздӣ», «Муҳофиз» ва «Сармоядори охирин». Идрис Элба - зидди Мэттю МакКонахи, Ҳоллӣ Беррӣ - зидди кӯдакрабоён ва Антонио Бандерас - зидди сиёсатмадорони ҷинояткор. Баррасии ҳафтаи нахустнамоишҳои Ҳолливуд. (видео аз Директ)

- Гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз Алӣ Фирӯз. Дар Москва назди дастгоҳи президенти Русия ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигори ӯзбеки нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз эътирозҳои инфиродӣ баргузор шуд. Додгоҳ ҳукми ихроҷи ӯро содир кардааст (видео аз Директ)​

- Ҷанг барои ҳосил: Лукашенко аз ҳукумат дарав ва нонро талаб дорад. Президент Александр Лукашенко ба ҳамон шеваи ғайриоддии худ ба мансабдорони ҳукумат ва ниҳодҳои қудратии Белорус фаҳмонд, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосил чи гуна бояд кор кунанд. (видеои Настоящее время)

- Барои чӣ амрикоиҳо тифли худро дар моҳҳои аввали зиндагиаш аз шири сина ҷудо мекунанд? (видеои Настоящее время)

- Дар оғил ва зери бодбон: сокинони Шумиха маънои ҳаётро дар куҷо мекобанд. Ҳаёти сокинони Шумиха аз кор дар оғил ва навиштани нома ба Путин барои ҳалли мушкилиҳо иборат аст. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG