Ссылки доступа

Мирзиёев додситонҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номид (видео)


Президент Шавкат Мирзиёев 2 август дар як ҷаласаи видеоияш аз кори додситонҳо ва мақомоти додситонӣ дар Ӯзбекистон интиқод кард. Ӯ додситонҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номида, гуфт, агар корҳои ноодилона идома ёбанд, онҳоеро ҳам барканор хоҳад, ки баъди "поккориҳо"-и ахир дар мақомоти додситонии Ӯзбекистон мондаанд.

"Додситонҳоро хеле бад мебинам ва сабабашро ҳам хоҳам гуфт. Ман худам раиси ноҳия будам ва медонам, ки ин бевиҷдонҳо чӣ гуна муносибат доранд. Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам", - изҳор дошт вай дар ҷаласа.

Шавкат Мирзиёев кормандони мақомоти додситонии давраи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро "партов" номида, гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард.

"Додситони кулли нав таъйин кардем. 80%-и кормандонро тағйир дода, мақомоти додситониро аз партовҳо пок кардем. Вале ҳанӯз ҳам 15-20%-и кормандони низоми пешини ғоратгар мондаанд. Аз ҷумла, Ҷамшед Файзиев, додситони вилояти Тошканд. Ӯ ҳам одами ҳамон низом аст. Додситониро пурра аз ин гуна ашхос пок хоҳем кард. Ё додситон хуб кор мекунад ё мо додситониро аз байн мебарем. Додситонҳо сабаби бадбахтии мардум шудаанд. Агар одилона кор накунанд, ҳамаашон ронда хоҳанд шуд", - афзуд ӯ.

Президенти Ӯзбекистон ба қасру хонаҳои боҳашамат ва мошинҳои гаронарзиши додситонҳо ишора карда, гуфт, бархеи онҳо ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонанд.

"Додситон замоне зиндагии хуб хоҳад дошт, ки мардум хуб зиндагӣ кунанд. Ба мошину қасру хонаҳои онҳо назар кунед. Магар онҳо реактори ҳастаӣ ихтироъ кардаанд? Бархеашон ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонанд. Онҳо бо зурию тағобозӣ додситон шудаанд. Ман онҳоро барои он нағз намебинам, ки кор намекунанд. Ҳоло бо шахсоне кор пеш бурда истодаем, ки ба иҷрои одилонаи вазифаи худ талош мекунанд", - Мирзиёев.

XS
SM
MD
LG