Ссылки доступа

Иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Рӯҳонӣ


Дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти мунтахаби Эрон ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби кишвар иштирок хоҳад кард.

Ин маросим 5 август дар Маҷлиси исломӣ ё порлумони Эрон баргузор хоҳад шуд. Дар маросими савгандёдкунии чаҳор сол пеши Рӯҳонӣ ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон 4 август гуфт, интизор меравад, ҳайати кишвар дар баробари ширкат дар ин маросим бо ҷониби Эрон масоили мавриди баҳси ду тарафро низ баррасӣ кунад. Усмонзода феълан ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон низ ҳаст.

Рамазон Мирзоев, сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон гуфт, ки ширкати ҳайати расмӣ дар маросими савгандёдкунии президенти мунтахаби Эрон метавонад ба рафъи ихтилофи назарҳои ду ҷониб мусоидат кунад. Ӯ афзуд, ки миёни Тоҷикистону Эрон ихтилофҳои ҷиддӣ ва усулӣ вуҷуд надорад ва мушкилоти мавҷударо мешавад аз роҳи гуфтугӯ ҳал кард.

Ба иттилои расонаҳо, интизор меравад 5 август дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ беш аз 100 ҳайати расмии кишварҳои хориҷӣ ширкат кунанд. Рӯҳонии 68-сола, ки худро сиёсатмадори муътадил мешуморад, моҳи майи имсол бори дувум президенти Эрон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG