Ссылки доступа

Путин гуфт, дар бораи як дафъаи дигар президент шудан, фикр мекунад


Владимир Путин, президенти Русия гуфт, барои пешбарии номзадиаш дар даври нави интихоботӣ, ки моҳи марти соли 2018 дар назар аст, фикр мекунад.

Вай имрӯз дар як ҷаласа дар Бурятияи Русия дар посух ба суоли як сокини маҳаллӣ чунин посух дод. Сокини маҳаллӣ гуфт, "мардум мехоҳад, ки бори дигар дар интихобот номзад шавад".

Путин, ки аз соли 2000-ум гоҳ ба ҳайси президент ва гоҳ ба ҳайси сарвазир сари қудрат аст, ба бовари аксарият дар интихоботи навбатӣ номзад ва бори чаҳорум президент мешавад. Интихоботҳои Русия дар шароити назорати шадид аз болои номзадҳо, дастрасӣ ба расонаҳои сартосарӣ ва шумориши овозҳо баргузор мешаванд.

Комисияи марказии интихоботии Русия пештар аз ин хабар дода буд, ки сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний ба далели доштани "доғи судӣ" ҳаққи номзад шудан дар интихоботро надорад.

XS
SM
MD
LG