Ссылки доступа

Таҳдиди хатар ҳомии ҳуқуқи қазоқро ба Порис бурд


Рамазон Есергапов, ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигори қазоқ ҳоло дар Порис қарор дорад. Дар ин бора вай имрӯз дар суҳбат бо расонаҳо хабар додааст. Есергапов маҷбур шудааст, ки ба далели таҳдиди хатар ба амнияташ Қазоқистонро тарк кунад.

Зеро 14 май одамони ношинос ба вай бо корд ҳамла карда буданд ва ахиран бархӯрд бо вай шиддат гирифта буд. Ҳомии ҳуқуқ ҳамчунин тарс дошт, ки ӯро зиндонӣ мекунанд. Ба гуфтааш, мақомоти қудратӣ мехостанд, нисбати вай парванда кушоянд.

Есергапов мегӯяд, вай 3 август ба Порис расид. Дӯстони Есергапов дар бораи нопадид шудани вай 2 август хабар доданд. Дар ибтидо на дӯстон, на мақомот ва на наздикони ҳомии ҳуқуқ аз макони ҷойгиршавии вай иттилоъ надоштанд.

Рамазон Есергапов бори охир 1 август аз сӯи пулис боздошт шуда буд. Он рӯз пулис бо айби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Есергапов санад тартиб дод. Пулис ӯро дар ташкили роҳпаймоии ғайриқонунии 29 июл дар Алмато ба ҷонибдорӣ аз зиндониёни сиёсӣ айбдор мекард. Аммо дар робита ба бад шудани вазъи сиҳатиаш Есергапов аз идораи пулис рухсат ёфт. Субҳи 2 август ӯро дар манзилаш пайдо накарданд.

Дар соли 2009 Есергапов, ки он замон ба ҳайси муҳаррири нашрияи "Алмато-Инфо" фаъолият мекард, бо айби нашри сирри давлатӣ се сол зиндонӣ шуда буд. Рӯзноманигор айбҳоро рад ва сиёсӣ номида буд. СММ низ парвандаи ӯро баррасӣ карда, ба нафъи Есергапов ҳукм карда буд.

XS
SM
MD
LG